OBIDJON ABDIEV
OBIDJON ABDIEV
Сазанда ва админ
Читать 2 минуты

Меҳринигори Рустам ҳуқуқшинос мешавад

OBIDJON ABDİEV @armon_tv

Image for post

Меҳнигори Рустам, яке аз сарояндаҳои ҷавон ва шинохтаи тоҷик факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.

Дар ин бора худи Меҳрнигор дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, навиштааст, ки акнун ӯ мутахассиси риштаи ҳуқуқ низ ҳаст.

Image for post

Овозхон инчунин таъкид кардааст, ки устодон нисбати таҳсилаш дар факултет сахтгир буданд, ки ӯ ба ин мартаба расид.

«Ранги сурх рамзи талош, муваффақият, зафармандӣ ва сурхрӯиву сарбаландӣ. Гирифтани дипломи сурх як ҳодисаи хеле муҳим дар зиндагии ман аст. Аз тамоми устодон, дотсентони кафедра, ректор миннатдорам, ки бо сахтгириашон маро мутахассиси риштаи ҳуқуқ карданд. Сипоси фаровон ба ҳамкасбонам аз ДМТ. Ба гуфти бибиам Худо рӯи ҳамаи шуморо сурх гардонад», — менависад Меҳринигор.

Image for post

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Меҳринигор ҳангоми суҳбат бо Манзумаи Фирӯз дар “Азия-Плюс” ба саволи “Чаро маълумоти дуюматонро ҳуқуқшинос интихоб кардед?” чунин ҷавоб дода буд:

— Хонаводаамон хостанд, ки маълумоти дуюми ман ҳуқуқшинос бошад. Барои донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳимояи онҳо ин самт интихоб шуд ва пушаймон низ нестам. Гарчанде солҳои аввал барои худам чандон писанд набуд. Ҳунарманд, ки будам дар байни нафарони ҳуқуқшинос худро нороҳат эҳсос мекардам, чун таваҷҷӯҳ низ хеле зиёд буд. Баъди муддате одат кардам ва дигар мушкилӣ надоштам.

Image for post

Лозим ба ёдоварист, ки Меҳринигори Рустам, 14 октябри соли 1994 таваллуд шудааст.Аз синни панҷсолагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ карда, тӯли 19 сол мешавад, ки санъаткор аст. Дар мактаби мусиқии ба номиМиратулло Атоев (пештар ба номи Малика Собирова буд) то синфи шаш таҳсил намуда, аз синфи 7 то 11 дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун овозхони академӣ таҳсил карда, ду консерти операвӣ низ баҳри мухлисонаш пешкаш намудааст. Соли 2016 барои гирифтани маълумоти дуюм ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ супорида, онро низ хатм кард. Меҳринигор дорандаи ҷоизаи фестивал ва барномаҳои зиёд буда, тез-тез дар консертҳои дохил ва хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад.

39 просмотров
Добавить
Еще
OBIDJON ABDIEV
Сазанда ва админ
Подписаться